Ноябр 12, 2019 19:30 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз иқдомоти бархе расонаҳои ғарбӣ зидди БарҶОМ

Намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена ҳадафи бархе расонаҳои ғарбиро зарба задан ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон донист.

Ба гузориши ИРНА, Михаил Улянов рӯзи сешанбе дар сафҳаи твиттерии худ навишт: “Мо шоҳиди талошҳои ғайримустамар барои зарба задан ба БарҶОМ аз ҳама роҳҳои мумкин ҳастем”. Намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалӣ афзуд, охирин намуна аз ин талошҳо таҳрифи гузориши ахири Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ буд.

Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар тозатарин гузориши худ эълом кард, ки ба ростиозмоии фаъолиятҳои ҳастаии Эрон идома медиҳад.

Шабакаи Би Би Си ахиран дар бораи гомҳои барҷомии Эрон навишт: “Урани ғанишуда метавонад барои сӯхти реактори ҳастаӣ ба кор гирифта шавад, дар айни ҳол Эрон метавонад аз ин уран барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ истифода кунад”.

 

Барчасп

Назарҳо