Ноябр 14, 2019 12:53 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқаи Мусалмонон истиеъдод доранд дар донишгоҳи Висконсин

Ҷамъе аз аъзои Анҷумани донишҷуёни мусалмон дар донишгоҳи Висконсини- Мадисун рӯйдоде бо унвони Мусалмонон истеъдод доранд ро баргузор карданд.

Анҷумани донишҷуёни мусалмон дар донишгоҳи Висконсини - Мадисун дар Амрико рӯдоди 5 солонаи Мусалмонон истеъдод дорандро баргузор карданд то нишон диҳанд ,ки мусалмон будан яъне чӣ ва донишҷуёни мусалмон чӣ қобилиятҳо ва тавонмандиҳое доранд.

Ба нақл аз Ҳавза, Миҳод Саёд , раиси Анҷумани исломӣ гуфт ; ман фикр мекуам,ки хеле хуб ин кор пеш рафт, истеъдодҳои мусалмонон аксар шукуфо намешаванд, Аксари рӯйдодҳо дар бораи бедории исломӣ ва мавзуъҳои ҷиддитар ҳастанд ва мо фурсат пайдо намекунем,ки бузургдоште барои мусалмон будани худамон баргузор кунем,бинобар ин мавқеъияти хубе барои чунин коре буд.

Ҳасани Ҳусейн як шоири мусалмон, ашъори худро дар ин рӯйдод ироа дод.

Аз дигар барномаҳои ин гирдиҳамоӣ метавон ба иҷроҳои гуфторӣ, намоишномаҳои суннатӣ арабӣ ва ғайра ишора кард.

Тасния Камол як донишҷуи соли аввали донишгоҳи Висконсини - Мадисун гуфт ; ман воқеъан ин барномаро дӯст доштам, хуб аст ,ки марказе дошта бошем ва мусалмонон битавонанд истеъдодҳояшонро нишон диҳанд зеро аксари моро сиёҳнамоӣ мекунанд ва мегуянд набояд дар маллаи ом бошад.

Барчасп

Назарҳо