Ноябр 14, 2019 13:46 Asia/Dushanbe
  • Гоми нав дар ҷиҳати истезоҳи Доналд Трамп

Як моҳу ним пас аз тасвиби таҳқиқот барои истезоҳ (интерпелляция)-и Доналд Трамп дар Маҷлиси намояндагони Амрико, ҷаласоти ошкори шаҳодати шуҳуд дар моҷарои УкраинаГейт оғоз шуд.

Вилиям Тейлор сарпарасти Сафорати Амрико дар Киев ба унвони нахустин шоҳид дар ин ҷаласа гуфт, барои раиси ҷумҳури Амрико мавзӯи таҳқиқот алайҳи писари Ҷо Байден муҳимтар аз сарнавишти Укрина будааст.

Пеш аз суханони Тейлор Адам Шиф раиси демократи Кумитаи иттилооти Маҷлиси намоядгон низ гуфт, Рудӣ Ҷулиянӣ вакили шахсии Трамп канали сиёсати хориҷии ғайрирасмиро раҳбарӣ кард ва Украинаро таҳти фишор қарор дод, то дар мавриди Бурисма ширкати гозии фаол дар Украина таҳқиқ кунад.

Мунтақидони Трамп дар конгира умедвор ҳастанд ин ифшогариҳо дар ниҳоят ба таиди истезоҳи вай дар Маҷлиси намояндагон ва ирҷои мавзӯ ба сенат  мунҷар шавад. Ин барои чаҳорумин бор дар таърихи Амрико аст, ки ҷаласаҳои ошкори таҳқиқ барои истезоҳи раиси ҷумҳурии ин кишвар баргузор мешавад. Аз се мавриди пеш барои ду маврид марбут ба Андро Ҷонсон ва Бил Клинтон ҷаласаи додгоҳ дар сенат баргузор шуд ва дар як маврид марбут ба Ричард Никсон раиси ҷумҳури вақти Амрико пеш аз оғози расмии ҷаласаи истезоҳ аз симати худ канорагирӣ кард.

Бо таваҷҷуҳ ба фазои сиёсии ҳоким бар Вашингтон интизор меравад истезоҳи Трамп дар Маҷлиси намояндагон таҳти контроли демократҳо ба роҳатӣ ба тасвиб бирасад. Аммо барканории раиси ҷумҳурии Амрико, ки ба овози ду севвуми овозҳои сенаторҳо ниёз дорад, дар сенати таҳти контроли ҷумҳурихоҳон бисёр ғайри мутаҳаммил ба назар мерасад. 45 сенатори демократ ба ҳамроҳи ду сенатори мустақил ба овози ҳадиақал 20 сенатори ҷумҳурихоҳ ниёз доранд, то битавонанд Трампро аз Кохи Сафед ихроҷ кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар замони баррасии дархости оғози таҳқиқот дар Маҷлиси намояндагон ҳеҷ як аз ҷумҳурихоҳон аз талоши демократҳо ҳимоят накарданд, ду намояндаи демократ низ ҳозир нашуданд ба таҳқиқот алайҳи Трамп овоз диҳанд. Ҳамин мавзӯ низ муҷиб шудааст, то Трамп навъе оромиши хотир дар мавриди натиҷаи кор дошта бошад ва ҳамзамон бо ҷаласаи ошкор дар Маҷлиси намояндагон дар ҷамъи хабарнигорон бигуяд, ки ҳатто як дақиқа аз ин ҷаласаро, ки тақрибан тамомии шабакаҳои телевизионии Амрико онро зинда пахш мекарданд, тамошо накардааст.

Бо ин ҳол агар демократҳо муваффақ нашаванд аз тариқи сенат Трампро барканор кунанд, умед доранд бо ифшогариҳои нав шанси вайро дар интихоботи соли ояндаи раёсат ҷумҳурӣ коҳиш диҳанд. Бар хилофи се мавриди қаблии истезоҳи раисони ҷумҳурии вақти Амрико ин бор истезоҳ пеш аз оғози интихоботе шуруъ шудааст, ки раиси ҷумҳурии мустақар ба унвони номзад дар он ширкат дорад. Бо таваҷҷуҳ ба маҳбубияти андаки Трам дар назарсанҷиҳо ва ҳамчунин резиши овозҳои ҷумҳурихоҳон дар интихоботи маҳаллии ахир дар Амрико демократҳо дар талош ҳастанд назари овоздиҳандагони мустақил ва ҳатто бархе аз ҳомиёни ҷумҳурихоҳонро аз Трамп баргардонанд ва вайро дар ноябри соли оянда шикаст диҳанд. Аммо ин ки оё чунин роҳбурде дар ниҳоят амалисозӣ мешавад ба гузашти замон ва ошкортар шудани паҳлуҳои пушти пардаи расвоии УкраинаГейт ниёз дорад.

Назарҳо