Ноябр 14, 2019 19:17 Asia/Dushanbe
  • Русия: Беҳбуди равобит бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупо барои амнияти Авруосиё зарурӣ аст

​​​​​​​Муовини вазири хориҷаи Русия таъкид кард, ки Маскав ба хотири таъмини амнияти минтақаи Авруосиё, талош мекунад то равобити худ бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупоро беҳбуд бахшида ва хостори гуфтугӯи содиқона, ҷиддӣ ва баробар бо шарикони ғарбии худ аст.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Александр Грушко, муовини вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, ки ин кишвар ба хотири таъмини амнияти пойдор дар минтақа Авруосиё, талош мекунад то равобити худ бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупоро беҳбуд бахшад.

Грушко таъкид кард: «мо бар ин ақида ҳастем, ки манофеи муштарак монеъ аз он мешавад, то минтақаи Авруосиё ба самти ҳарҷу марҷ, рӯёрӯӣ ва тақсимбандии нируҳо пеш биравад ва эҷоди як минтақаи сулҳомез ва амнияти ғайри қобили тақсим, посухгӯи манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд.»

Ба гуфтаи вай, Русия хатти маши худ дар ин ҷиҳатгириро идома медиҳад, ки равобити худ бо гурӯҳҳои калидӣ, аз ҷумла НАТО ва Иттиҳоди Аврупо, оддӣ ва солим бошад. Мо хостори гуфтугӯи содиқона, ҷиддӣ ва баробар бо шарикони ғарбии худ ба манзури муқобила бо мушкилот ва чолишҳон дар ҷаҳони имрӯз ҳастем ва ин дар шароите аст, ки равобити Русия бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупо, даврони чандон хуберо тай намекунад.

Муовини вазири хориҷа таъкид кард, мавзеъгирии Русия бар ин асос аст, ки кори муштарак бар асоси ҳуқуқи байналмилал ва бо нақши таъйинкунандаи СММ ҷойгузине надорад ва ҳаводиси чанд соли ахир нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки бархӯрдҳои якҷониба барои ҳалли мушкилот, ғайри созанда ва бидуни натиҷа будааст. Ба гуфтаи вай, вазифаи дипломатия эҷоди шароити муносиб барои тавсеаи равобит дар сатҳи байналмилал аст ва сиёсати таҳмили ақоид ва дикта кардани тамоюлот роҳ ба ҷое нахоҳад дошт.

 

Барчасп

Назарҳо