Декабр 06, 2019 21:32 Asia/Dushanbe

Интишори филме аз як духтари мусулмон, ки донишомӯзони ваҳшатзада аз тирандозиро дар масҷиде дар иёлати Висконсини Амрико паноҳ медиҳад, вайро дар конуни таваҷҷуҳи расонаҳо қарор додааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, як шаҳрванди мусулмони Амрико дар сафҳаи Твиттери худ бо интишори филми фирори донишомӯзон ба самти масҷид ва паноҳ гирифтанашон дар он ҷо навишт, ки умедвор аст Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ин филмро бознашр ва ба талоши донишомӯзи мусулмон эътироф кунад, ки чӣ гуна ҳангоми мувоҷеҳ шудан бо ҳамла бо силоҳи сарду гарм дар дабиристон, дари масҷидро боз мекунад ва ҷони ҳамсинфҳои худро наҷот медиҳад.

Си Эн Эн дар гузорише аз паноҳ бурдани 100 донишомӯзи ваҳшатзадаи амрикоӣ дар Висконсин ба як масҷид, пас аз тирандозӣ дар мактаби онон хабар дод.

Тибқи ин гузориш, дар тирандозӣ ва чоқукашӣ, ки рӯзи сешанбе (3 декабр) дар мактабе дар иёлати Висконсин рӯй дод, Дуо Аҳмад, духтари донишомӯзи мусулмон бо боз кардани дари масҷиде, дар он ҳудуд 100 донишомӯзро барои паноҳ гирифтан ба дохили масҷид ҳидоят кард.

Дуо Аҳмад дар гуфтугӯ бо Си Эн Эн гуфт, дар синфи адабиёти англисӣ буд, ки садои шиллики гулӯларо шуниданд ва муаллимашон аз як нафар хост, бо шумораи изтирории 911 тамос бигирад ва аз донишомӯзон хост, синфро тарк кунанд. Дар он замон донишомӯзон ба пешниҳоди ҳамсинфашон ба самти масҷид, дар он тарафи хиёбон фирор карданд ва ӯ бо боз кардани дари масҷид онҳоро ба дохил ҳидоят кард.

Дуо ва падараш ба донишомӯзоне, ки дар масҷид паноҳ гирифта буданд, кумак карданд, ки то расидани волидайнашон дар он ҷо истироҳат кунанд ва обу хӯрок дар ихтиёрашон қарор доданд.

Ин дувумин тирандозӣ дар дабиристоне дар Висконсин зарфи рӯзҳои гузашта будааст.

 

Барчасп

Назарҳо