Декабр 08, 2019 13:31 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии музокироти сулҳи Толибон бо Амрико дар Қатар

Сухангӯи Толибон аз оғози дубораи музокироти ба истилоҳ сулҳи ин гуруҳ бо Амрико дар Қатар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Суҳейл Шоҳин сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон дар Дуҳа эълом кард раёсати тими музокиракунандаи ин гуруҳро муло Абдулғанӣ Бародар ба уҳда дорад.

Вай афзуд, Унс Ҳақонӣ бародари саркардаи гуруҳи террористии Ҳақонӣ, ки ба тозагӣ дар табодул бо ду устоди донишгоҳи амрикоии Кобул аз зиндони Беграм озод шуда буд дар ин нишасти дурӯза, ки аз дирӯз шанбе оғоз шудааст ҳузур дорад.

Ин нахустин давр аз гуфтугӯҳои Амрико ва Толибон пас аз таваққуфи музокироти пешакӣ дар ҳудуди 3 моҳи гузаштааст.

Ин дар ҳоелст, ки то кунун 9 даври музокироти намояндагони гуруҳи Толибон ва Амрико дар Қатар натиҷае барои мардуми Афғонистон надошта ва ҷанг, даргирӣ ва ҳамалоти террористӣ ҳамчунон дар ин кишвар идома дорад.

Барчасп

Назарҳо