Январ 16, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • “Reuters”: Ҳимояти Трамп аз эътирозоти Эрон, риёкорона талаққӣ мешавад

Раисиҷумҳури Амрико борҳо Эронро бо эъмоли фишори иқтисодии ҳаддиаксарӣ дар тангно гузоштааст, аммо иддаои ҳимоят аз мӯътаризонро дорад.

Хабаргузории“Reuters” дар гузориш бо ишора ба ҳимоятҳои Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз бархе ҳаракатҳои эътирозӣ дар Эрон навишт: “Коршиносон бо таваҷҷуҳ ба фишори таҳримҳо бар мардуми Эрон, ин ҳимояти Трампро риёкорона медонанд”.

“Reuters” афзуд: “Трамп бо интишори “твитт”-ҳое ба забони форсӣ бо мӯътаризон эъломи ҳамбастагӣ карда, аммо коршиносон бар ин боваранд, ки ин эъломи ҳамбастагии Трамп нишондиҳандаи риё ва дурӯии вай аст, зеро таҳримҳои сангини давлати ӯ мӯҷиби вахомати авзои иқтисодӣ ва вазъи зиндагӣ ва маишатии мардуми оддӣ шудааст.

Aaron David Miller, коршиноси аршади масоили ғарби Осиё ба “Reuters” гуфт, ҳарфҳои Трамп барои мардуми Эрон тақрибан ҳеҷ эътиборе надорад, бинобар ин аз назари ман Трамп ҳеҷ роҳбурди равобити умумӣ надорад ва ҳамаи ин ҳарфҳо сирфан ношӣ аз ҳолу ҳавои худи ӯ, ниёзҳои сиёсиаш ва тамоюли ӯ барои ҷудо кардани худ аз раисони ҷумҳури пешини Амрико аст.

Трамп аз майи 2018 бо хориҷ кардани ин кишвар аз тавофуқи ҳастаии БарҶОМ, ҷанги иқтисодии ҳамаҷонибаеро бо Эрон оғоз кардааст.

“Reuters” навишт: “Бар хилофи изҳороти мақомҳои амрикоӣ, ки мегӯянд, таҳримҳо бо ҳадафи зарба задан ба мақомоти Эрон тарроҳӣ шудаанд, бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ бар асари таҳримҳои Вашингтон ҳатто барои доду ситади ақломи ғизоӣ ва доруӣ бо Эрон, низ нигаронӣ доранд ва аз ин кор манъ мешаванд.

 

Барчасп

Назарҳо