Январ 16, 2020 19:10 Asia/Dushanbe
  • Худдории давлати Трамп аз ироаи гузориш дар бораи террори сардор Сулаймонӣ

Шабакаи амрикоӣ гузориш дод, давлати Трамп пас аз террори сардор Сулаймонӣ токунун се бор аз ироаи гузориши ин амалиёт ба Конгресс иҷтиноб кардааст.

Ба гузориши СНН, Кохи Сафед ба таври ногаҳонӣ се ҷаласаи табақабанди шуда барои ироаи гузориш ба Конгресс дар хусуси террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи сипоҳи Қудси Эрон ва буҳрони ҷорӣ бо Теҳронро лағв кардааст.

Намояндагони Сено ва Маҷлиси намояндагон дар гуфтугӯ бо шабакаи СНН эълом карданд, вазорати умури хориҷаи Амрико ду ҷаласаи тавҷеҳиро, ки барои рӯзи чаҳоршанбе таъйин карда буд ба таври ногаҳонӣ лағв кардааст.

Ба гу фтаи мақомоти дифои Амрико, Пентагон низ ҷаласаи тавҷеҳии табақабанди шудаи рӯзи панҷшанбе дар бораи Эрон барои Кумитаи хадамоти мусаллаҳи Маҷлиси намояндагонро ба далели масоили марбут ба барномарезӣ, лағв кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки сухангӯи Пентагон аз талоши вазорати дифо барои таъйини замони баргузории ҷаласаи тавҷеҳӣ хабар медиҳад.

Дар пайи ҳамлаи террористии артиши Амрико, рӯз ҷумъа (3 январ) ба фурудгоҳи Бағдод, сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмони вай, аз ҷумла Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, муовини нирӯҳои басиҷи мардумии Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

Назарҳо