Январ 17, 2020 18:48 Asia/Dushanbe
  • Рекорди 140 солаи гармои ҳаво дар Маскав шикаста шуд

Созмони ҳавошиносии Русия аз шикаста шудани рекорди гармои ҳаво дар Маскав хабар дод ва эълом кард, ки панҷшанбеи гузашта ҳарорати ҳаво дар пойтахти Русия ба се дараҷа болои сифр расид, ки дар 140 соли гузашта дар чунин рӯзҳое аз сол бесобиқа будааст.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси иттилоияе, ки созмони ҳавошиносии Русия мунташир кардааст, дар моҳи январ ҳарорати ҳаво дар Маскав ҳашт дараҷаи сантиград болотар аз ҳадди маъмул барои ин замон аз сол буд.

Ҳамчунин бар асоси гузориши созмони ҳавошиносии Русия дар ҳафтаҳои оянда манотиқи марказӣ ва ҳатто шарқи Русия ва устонҳое ҳамчун Ленинград, Вологда, Псков, Красноярск ва Хабаровск низ ҳавои гармро таҷриба кунанд.

Дар солҳои ахир ҳавои Русия бисёр гарм шудааст ва ин падида имсол ба вижа дар Маскав ва бахшҳои аврупоии он комилан қобили мушоҳида аст.

Агар 25 соли пеш дараҷаи бурудат ё сардии ҳавои Маскав дар ин рӯзҳои сол ба 30 дараҷаи сантиград зери сифр мерасид, имсол ба 2 дараҷаи зер сифр ва дар рӯзҳои ахир ба болои сифр расидааст.

Дар манотиқи шарқу шимоли Русия ҳам, ки наздики қутби шимол аст ва манотиқи ҳамҷавори қутбӣ номида мешавад, сармои ҳаво ба ҷойи 50 дараҷа зери сифр дар ин рӯзҳои сол ҳатто ба ҳашт дараҷа зери сифр ҳам намерасад.

Коршиносони ҳавошиносӣ иллати ҳавои гарми Русия дар ин фасли солро падидаи гарм шудани ҷаҳонии кураи Замин медонанд ва муътақиданд, ки ин падида дар оянда низ идома хоҳад ёфт ва ба эҳтимоли зиёд дар чанд минтақаи Русия сел ҷорӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп

Назарҳо