Январ 17, 2020 21:46 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Парвози ҷангандаҳои Амрико наздики марзи Эрон ҳангоми суқути ҳавопаймои украинӣ

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ҳангоми бурузи ҳодиса барои ҳавопаймои украинӣ дастикам шаш ҷангандаи амрикоӣ дар муҷовирати марзҳои Эрон дар ҳоли парвоз буданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Сергей Лавров рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии солонаи худ гуфт, иттилооте дорем, ки нишон медиҳад дастикам шаш ҷангандаи “Ф- 35” амрикоӣ дуруст наздики марзҳои Эрон дар парвоз буданд.

Як фарванд ҳавопаймои мусофирбарии мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина чаҳоршанбеи 8 январ, дар наздики фурудгоҳи Имом Хумайнӣ (раҳ) –и Теҳрон суқут кард ва сарнишинони он ҷон бохтанд.

Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иттилоияе бо ишора ба парвозҳои ҷангии ҳавопаймоҳои артиши террористи Амрико перомуни Эрон эълом кард, бурузи хатои инсонӣ ба далели чархиши ногаҳонии ҳавопаймои украинӣ ва наздик шудани он ба як маркази ҳассоси низомӣ, боиси ҳадаф қарор гирифтан ва суқути ҳавопаймо шуд.

Вазири умури хориҷаи Русия дар нишасти хабарии худ ҳамчунин бо ҳушдор дар бораи талоши Аврупо барои муқассир ҷилва додани Эрон дар сарнавишти кунунии БарҶом гуфт, се кишвари аврупоии имзокунанда бо таслим шудан муқобили фишорҳои Амрико, механизми ҳаллу фасли ихтилофи БарҶомро фаъол карданд ва ин нишон медиҳад, ки Аврупо қасд дорад тақсирҳоро ба гардани Эрон биандозад.

Лавров афзуд, замоне, ки Эрон мегӯяд амал ба тааҳҳудоти довталабонаи худро таълиқ мекунад, мо далоили ин корро дарк мекунем.

Се кишвари аврупоии тарафи БарҶом шомили Олмон, Британия ва Фаронса сешанбеи гузаштаи 14 январ бо баҳона кардани иқдоми қонунӣ ва мутақобили Эрон барои коҳиши гом ба гоми тааҳҳудоти барҷомии худ, механизми ҳалли ихтилофи ин тавофуқро фаъол карданд.

 

Барчасп

Назарҳо