Январ 18, 2020 17:09 Asia/Dushanbe
  • Талоши нокоми Амрико барои пинҳон кардани  хасоратҳои ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Айн-Ал-Асад

Ҷумҳурии исломии Эрон дар ростои ваъдаи худ барои интиқоми сахт аз Амрико ба далели террори ноҷавонмардонаи сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳони вай дар Бағдод, бомдоди чаҳоршанбе 8 январ пойгоҳи амрикоии Айн-Ал-Асадро дар Ироқ ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ қарор дод. Ба рағми инкори аввлияи давлати Трамп дар бораи ин ки ин ҳамла осеби ҷонӣ надоштааст, акнун ба тадреҷ хабарҳое дар ин замина мунташир мешавад.

Пойгоҳи хабарии Defense One, рӯзи ҷумъа захмӣ шудани камаш 11 низомии Амрико ва интиқоли онҳо ба марказҳои пизишкии ин кишвар дар Кувайт ва Олмонро таид кард. Артиши Амрико рӯзи ҷумъа 17 январ эътироф кард, ки бар асари ин ҳамлаҳо, 11 низомӣ ба хотири зарбаи мағзӣ таҳти мудово гирифтаанд. Капитан Билл Эрин сухангӯи фармондеҳии марказии Амрико дар баёнияе гуфт, ин низомиён барои мудово ба маркази пизишкии Ландстол (Landstuhl) дар Олмон ва бақия ба кампи Арифҷон дар Кувайт эъзом шудаанд, то таҳти баррасиҳои бештар қарор бигиранд. Вай муддаӣ шуд, ки ҳеҷ низомии амрикоие дар ҳамлаи 8-уми январи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Айн-Ал-Асад дар Ироқ кушта нашуданд, вале бархе сарбозон ба хотири алоими ҳокӣ аз зарбаи мағзӣ бар асари таркиш таҳти муолиҷа қарор гирифтаанд ва арзёбии вазъияти онҳо ҳамчунон идома дорад.

Нуктаи аҷиб ин ки артиши Амрико ва Пентагон муддаӣ шудаанд, ки ба тозагӣ дар ин бора касби хабар кардаанд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико, Марк Еспер вазири дифои Амрико ва дигар мақомҳои давлати ин кишвар дар чанд рӯзи кузашта борҳо муддаӣ шуда буданд ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Айн-Ал-Асад ҳеҷ хасорат ё захмие надоштааст. Трамп аз амд талош кард, то барои ҳифзи чеҳраи Амрико, ки аввалин бор пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум як пойгоҳи низомии он ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи кишвари дигаре қарор гирифт, масъалаи осеби ҷонии нерӯҳои амрикоиро дар ин ҳамла пинҳон кунад.

Далели дигари Трамп барои ин ки натиҷаҳои ҳамлаи мушакии Эронро ба пойгоҳи амрикоӣ дар Ироқ бисёр ночиз ҷилва диҳад, парҳез аз руёрӯӣ бо Эрон буд, ки паёмадҳои бисёр хатарноке барои Вашингтон ва муттаҳидони минтақаии он дорад. Трамп дар вокуниш ба ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико зимни такрори иддаоҳои зидди эронии худ талош кард, ки ин иқдоми интиқомии Эронро кам аҳамият ҷилва диҳад ва иддао кард, ҳеҷ амрикоие осеб надид ва фақат хасоратҳои андаке ба пойгоҳҳои низомии мо ворид шуд. Раиси ҷумҳури Амрико  нишон дода, ки иддаоҳояш сирфан беҳудагӯӣ аст ва асосан ҷуръати руёрӯии низомии густарда бо Эронро надорад. Вай пеш аз ин ҳамлаи мушакӣ таҳдид карда буд, ки дар вокуниш ба ҳар иқдоми низомии Эрон 52 нуқтаи Эронро ҳадаф қарор хоҳад дод.

Акнун Трамп, ки ба дуруғгӯӣ машҳур аст бори дигар яке аз дуруғҳои бузургаш ифшо шуда ва расвоии наве барои давлати вай ва Пентагон ба бор омадааст.

Мақомоти амрикоӣ аз ҳамон ибтидо дар бораи натиҷаҳои ҳамлаи мушакии Эрон ба Айн-Ал-Асад сиёсати пинҳонкорӣ ва сензураи иттилоотро дар пеш гирифтанд. Трамп дар лаҳзаҳои аввалия баъд аз интиқоми мушакии Эрон дар саҳифаи Твиттери худ муддаӣ шуд, ҷойи нигаронӣ нест!

Дигар мақомоти низомӣ ва амниятии Амрико аз ҷумла Марк Еспер вазири дифоъ ва Марк Мейлӣ раиси Ситоди муштараки артиши ин кишвар низ дар нишастҳои хабарӣ иддаои осеб надидани низомиёни амрикоиро дар ҳамлаи Эрон такрор карданд. Бо гузашти як ҳафта аз амалиёти мушакии Эрон, рӯзномаи ВашингтонПост дар гузорише эътироф кард, дар натиҷаи ин ҳамлаҳои мушакӣ камаш ду низомии амрикоӣ аз панҷараи як осмонбӯси муртафаъ партоб шуда ва даҳҳо нафари дигар низ беҳуш шуданд.

Расонаҳои амрикоӣ ба тадреҷ дар ҳоли ошкор кардани иттилооти марбут ба хасоратҳои ҳамлаи мушакӣ ба Айн-Ал-Асад ҳастанд ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ин раванд идома ёбад. Бо ин ҳол то ҳамин ҷо эътироф ба маҷруҳ шудани 11 низомии амрикоӣ низ бо суханони сареҳи Трамп, ки гуфта буд ҳамаи нерӯҳои амрикоӣ дар Айн-Ал-Асад дар саломат ҳастанд, фарқ дорад. Ин масъала бо вокунишҳои зиёде дар дохил ва хориҷи Амрико ру ба ру шудааст. Бархе аъзои хонаводаҳои низомиёни амрикоӣ дар тамос бо шабакаҳои хабарӣ монанди СНН дар бораи беиттилоӣ аз вазъи бастагони низомии худ дар Айн-Ал-Асад ибрози нигаронӣ кардаанд. Ин масъала  нишон медиҳад, ки давлати Трамп ба таври амд талош дорад барои ҳифзи чеҳраи худ ҳамчунон сиёсати ҳадиаксари пинҳонкориро дар бораи хасоратҳои бархоста аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Айн-Ал-Асад идома диҳад.

Барчасп

Назарҳо