Январ 22, 2020 21:08 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Ҳуқуқи Башар вз куштори ғайри низомиён дар ҳамлаҳои ҳавоии низомиёни хориҷӣ

Камисиюни Ҳуқуқи Башари Афғонистон аз куштори ғайринизомиён дар ҳамлаҳои ҳавоии низомиёни хориҷӣ дар ин кишвар интиқод кард.

Камисиюни Ҳуқуқи Башари Афғонистон дар баёнияе эълом кард ; бар асоси таҳқиқи ин Камисиюн , дар ҳамлаҳои ҳавоии ахири низомиёни НАТТО дар шаҳристони  Шинданд устони Ҳирот понздаҳ ғайринизомии афғон кушта ва захмӣ шуданд,ки се зан ва се кудак дар миёни кушташудагон ва ду кудак дар миёни захмиҳои ин ҳамла буданд.

Дар ин баёнияи Камисиюни Ҳуқуқи башари Афғонистон аз афзоиши шумори қурбониёни ҷанг ба дасти низомиёни хориҷӣ ва нақзи сариҳ ва мукарари Ҳуқуқи башар ибрози нигаронӣ кард ва аз нерӯҳои бегона хост кугтори ғайринизомиёнро мутавақиф кунанд.

Ҳамлаи ҳавоии низомиёни хориҷӣ ба шаҳристони Шиденд устони Ҳирот 8 январ сурат гирифт.

Баёнияи интиқодии Камисиюни Ҳуқуқи башари Афғонистон аз куштори ғайринизомиён дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои хориҷӣ ноши аз  паймони амниятии Кобул бо Амрико ва НАТТО аст ,ки тибқи он маъмурияти размии нерӯҳо дар поёни соли 2014 ба итмом расидааст ва низомиёни хориҷӣ ҳақи вуруд ба амалиёти зидди терорристӣ дар Афғонистон беҳамоҳангӣ ва дар хости давлати ин кишварро надоранд.

Албатта ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии нерӯҳои хориҷӣ ба ғайри низомиён дар Афғонистон дар беш аз ҳаждаҳ соли гузашта яке аз авомили муасир бар ташдиди ноамнӣ будааст ,ки тадовуми он дар панҷсоли ахир ,ки онон муҷавиз барои маъмурияти размӣ надоштаанд беш аз гузашта бар танафури мардуми Афғонистон аз ишғолгарон афзудааст.

Дар ин солҳо мавориди теъдоде аз иртикоби нерӯҳои хориҷӣ ба куштори ғайринизомиёни Афғонистон сабт шудааст,ки ҳатто муҷиб шуда то девони кайфарии байналмиллалӣ барои расидагӣ ба ҷиноятҳои ҷангии онон вуруд кунад ,ки албатта таҳти фишор ва таҳдиди Амрико раванди баррасии ин ниҳод мутавақиф шудааст.

Дар ин парванда ,ки дар феҳристи ҷиноятҳои ҷангӣ қарор дорад, як низомии амрикоӣ ба номи Роберт Билз дар субҳи рӯзи 11 марти соли 2012 дар шаҳристони Панҷвоӣ вилояти Қандаҳор , 17 ғайринизомии афғонро бо тирандозии мустақим кушт ва ҷасадҳои ононро ба оташ кашид ,ки ин иқдоми ҷинояткорона муҷиби эътирози густарда дар афғонистон шуд.

 

Барчасп

Назарҳо