Январ 23, 2020 18:32 Asia/Dushanbe
  • Идомаи  таниш байни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар раванди истизоҳи Трамп

Ҷумҳурихоҳон ва демократҳо, дар ҷаласаи истизоҳи раисиҷумҳури ин кишвар бо ҳузури шоҳидони тарафи муқобил мухолифат карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Euronews, дуввумин рӯз аз истизоҳи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Сенат дар ҳоле сипарӣ шуд, ки ҷумҳурихоҳон ва демократҳо бо ҳузури шоҳидони тарафи муқобил мухолифат карданд, аммо иттиҳомоти вай тарҳ ва табйин шуд.

Дар ин ҷаласа Адам Шифф, раиси Кумитаи иттилоотии Маҷлиси намояндагон, ки раёсати ҳайати додситонии демократҳоро дар парвандаи мавсум ба «Дарвозаи Украина» бар ӯҳда дорад, Трампро ба сӯиистифода аз қудрат ва ҳамчунин коршиканӣ дар кор Конгресс муттаҳам кард.

Адам Шифф, ҳамчунин раисиҷумҳури Амрикоро муттаҳам кард, ки талош дорад дар интихоботи 2020 тақаллуб кунад.

Фароянди ҳуқуқии истизоҳи Трамп, аз рӯзи сешанбе дар Сенат оғоз шуд ва сенаторҳои амрикоӣ қоидаҳои марбут ба фароянди истезоҳро ба тасвиб расонданд.

Дар дуввумин рӯз аз барномаи истизоҳи Трамп дар Сенат, демократҳо хоҳон ҳузури Ҷон Болтан, мушовири амнияти миллии собиқ ба унвони шоҳид шуданд, амре, ки аз сӯи аксарияти ҷумҳурихоҳ рад шуд.

Дар муқобил ҷумҳурихоҳон низ мавзӯи даъват аз Ҳонтер, писари Ҷо Бойден, номзади пештози демократҳо дар интихоботи 2020-ро ба унвони яке дигар аз шоҳидин матраҳ карданд, ки бо мухолифати демократҳо рӯ ба рӯ шуд.

Барои истизоҳи Трамп, ба раъйи ду севум аз намояндагони Сенати Амрико ниёз аст.

 

Барчасп

Назарҳо