Январ 23, 2020 19:02 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди мақоми амрикоӣ аз фиребкории Трамп дар бораи талафоти “Айнуласад”

Як сенатори амрикоӣ гуфт, Доналд Трамп ҳанӯз дар бораи талафоти “Айнуласад” мардуми Амрикоро фиреб медиҳад.

Ба гузориши шабакаи хабарии СБС нюз, Крис Мёрфи, сенатори амрикоии иёлати Коннектикути Амрико, дар хусуси фиребкории давлати Трамп дар бораи талафоти пойгоҳи “Айнуласад” афзуд, касеро барои як сардард ба Олмон намефиристанд ва вақте авзоъ вахим бошад афрод ба Берлин мунтақил мешаванд, Трамп дар ҳоли фиреби афкори умумӣ аст.

Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба саволи як хабарнигор дар бораи вазъияти касоне, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба “Айнуласад” осеб дидаанд муддаӣ шуд, ки ҷароҳати онҳо ҷиддӣ набуда ва бархе аз онҳо сардард доштаанд.

Фармондеҳии марказии Амрико бо судури баёнияе дар бораи талафоти инсонии пойгоҳи “Айнуласад” гуфта буд, ки беш аз 12 амрикоӣ бо алоими зарбаи мағзӣ барои муоиноти бештар ба Олмон ва Кувейт мунтақил шудаанд.

Бо ин ҳол, вазорати дифои Амрико, теъдоди дақиқи захмиҳоро дар пойгоҳи “Айнуласад” эълом накардааст.

Дар пайи террори ноҷвонмардонаи сардор Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, муовини созмони Басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафар аз ёронашон, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ 8 январ, пойгоҳи низомиёни амрикоии “Айнуласад”дар Ироқро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод.

 

Барчасп

Назарҳо