Январ 24, 2020 19:49 Asia/Dushanbe
  • Мумиёии 3000 сола сухан гуфт

Донишмандон садои як мумиёии 3000 соларо бозёбӣ карданд.

Ба гузориши “Спутник”, донишмандони англис тавонистанд садои Соркофегус, коҳин Нисамон (Ромесеси шашум) -ро, ки ҳудуди се ҳазор соли пеш дар Миср даргузашт, бозёбӣ кунанд.

Натоиҷи таҳқиқоти онҳо дар маҷаллаи Science Reports мунташир шудааст.

Ин мумиёӣ торҳои савтӣ ва ҳанҷараро ба хубӣ ҳифз карда буд ва муҳандисон як модели себуъдии роёнаӣ аз андомҳои гуфтории ин коҳин таҳия карданд ва ба василаи чопгари себуъдӣ онро сохтанд.

Ба ин ҳанҷараи маснӯӣ баландгӯ муттасил ва садои ҳосил аз он забт шуд.

Соркофегус  бо бақоёи як кашиш дар ковишҳои маъбади худои Омун дар Миср пайдо шуд.

Ин коҳини даврони Ромесеси шашум, ки Нисамон ном дошта, байни солҳои 1099 то 1069 пеш аз мелод мезиста ва дар синни 50 солагӣ даргузашта аст.

 

Назарҳо