Феврал 13, 2020 19:36 Asia/Dushanbe
  • Телефони ҳамроҳ омили муҳим дар интиқоли коронавирус

Вазорати беҳдошти Сингапур эълом кард, ки тамиз кардани телефонҳои ҳамроҳи муштаракон ба маротиб муҳиммтар аз ниқоб кардан дар пешгирӣ аз ибтило ба коронавирус аст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, вазорати беҳдошти Сингапур имрӯз (панҷшанбе) дар гузорише эълом кард, телефонҳои ҳамроҳ ба далели тамос бо даҳон, бинӣ ва чашмони фард аз авомили аслии интиқоли коронавирус аст.

Бар асоси ин гузориш, шустани дастҳо ва зиддиуфунӣ кардани телефонҳои ҳамроҳ аз муҳиммтарин иқдомот барои ҷилавгирӣ аз интишори коронавирус аст.

Комиссияи беҳдошти миллии Чин рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки шумори ҷонибохтагони коронавирус ба якҳазору 369 нафар ва шумори мубталоён ба ин вирус низ ба 60 ҳазору 376 нафар расидааст, ки 59 ҳазору 804 нафар аз онҳо дар Чин ҳастанд ва дар ин миён 5 ҳазору 945 нафар дармон шудаанд.

 

Барчасп

Назарҳо