Феврал 13, 2020 19:45 Asia/Dushanbe
  • Худкушии мақоми собиқи рус дар додгоҳ

Раиси собиқи Идораи ҳамлу нақли созмони иҷрои аҳкоми қазоии Русия, дар додгоҳ худкушӣ кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “RBK tv”, Виктор Свиридов,раиси собиқи Идораи ҳамлу нақли созмони иҷрои аҳкоми қазоии Русия, ки бо худ аслиҳа ба додгоҳ оварда буд, пас аз қироати ҳукми маҳкумияти вай ба се сол ҳабс ба ҷурми боҷгирӣ, худкушӣ кард.

Бино бар эъломи вакили Свиридов, мувакилаш аз аслиҳае истифода карда, ки пештар дар ихтиёр доштааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳанӯз мушаххас нашуда, ки читавр ин муттаҳам тавониста аслиҳаи худро вориди додгоҳ кунад.

Свиридов муттаҳам ба дархости 10 миллион рубл (ҳудуди 150 ҳазор доллар) аз Александр Сапожников, муовини собиқи созмони федералии иҷрои аҳкоми қазоии Русия шуда буд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия тайи моҳҳои ахир барномаи густурдаеро барои муқобила бо фасод дар ин кишвар ба иҷро гузоштааст.

 

Барчасп

Назарҳо