Феврал 14, 2020 18:12 Asia/Dushanbe
  • Эътироз ба сафари Трамп ба Ҳинд

Раҳбари ҳизби чапгарои “Си Пи Ай Эм” (cpi-m)-и Ҳинд эълом кард, ки ин ҳизб дар сафари Доналд Трамп ба Ҳинд иқдом ба баргузории роҳпаймоии эътирозомез хоҳад кард.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи шабакаи хабарии “Индиа Тудей”, Ситарам Йечури гуфт, ҳомиёни ҳизби чапгарои “Си Пи Ай Эм” -и Ҳинд дар сафари Трамп ба Ҳинд, дар манотиқи мухталифи кишвар, чӣ дар Деҳлӣ ва чӣ дар иёлати Гуҷарат роҳпаймоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард.

Вай изҳор дошт, давлати Амрико дар ҳоли фишор бар Ҳинд барои воридоти бештари коло аз ин кишвар аст ва онро шарти ҳимояти худ аз Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд дар иртибот бо мавзӯоте монанди ислоҳи қонуни шаҳрвандӣ ва лағви имтиёзоти Кашмир қарор додааст.

Раҳбари ҳизби чапгарои “Си Пи Ай Эм” –и Ҳинд афзуд, Ҳинд ба дунболи хариди миллиардҳо доллар таҷҳизоти низомӣ аз Амрико аст, ки ба нафъи иқтисоди Амрико ва ба зарари манофеи иқтисодии Ҳинд аст.

Раисҷумҳури Амрико қарор аст 24 ва 25 феврал (5 ва 6 исфанд) ба Ҳинд ва ду шаҳри Деҳлии Нав ва Аҳмадобод дар иёлати Гуҷарат сафар кунад.

 

 

 

Барчасп

Назарҳо