Феврал 14, 2020 20:13 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз таҳримҳои ҷадиди Амрико

Сафорати Русия дар Вашингтон таҳрими се ширкати ин кишварро нишонаи роҳ афтодани мавҷи ҷадиди русҳаросӣ дар миёни мақомоти Амрико тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Сафорати Русия дар Вашингтон рӯзи панҷшанбе (13 феврал) дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук, ҳадафи Амрикоро аз эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия, маҳдуд кардани манофеи ин кишвар аз бозори байналмилалии фанноварии дифоӣ ва ба роҳ андохтани мавҷи ҷадиде аз Русияҳаросӣ арзёбӣ кард.

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар тозатарин иқдоми зидди Русия, ширкати тавлиди ҳавопаймои “Кумертау”, ширкати низомӣ- санъатии анҷумани илмӣ ва тавлиди муҳандисии механик ва ширкати тарроҳии абзори ин кишварро таҳрим ва иддао кард, ин ширкатҳо қавонини Амрикоро дар заминаи манъи ривоҷ додани силоҳҳои куштори ҷамъии зидди Эрон, Кореяи Шимолӣ ва Сурия, нақз кардаанд.

Сафорати Русия дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико тасреҳ кард: Ба ҳамқаторони худ дар Вашингтон ёдоварӣ кунем, ки танҳо Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳақ дорад бар сари чунин масоиле таҳрим ҷорӣ кунад.

Сафорати Русия дар Вашингтон дар сафҳаи Фейсбуки худ афзуд, барои чунин коре далоили ҷиддӣ лозим аст ва давлати Амрико бори дигар натавонистааст ҳеҷ мадраке ироа кунад.

 

 

 

 

Барчасп

Назарҳо