Феврал 14, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Плоси дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи маҳдудсозии ихтиёроти ҷангии Трамп

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи маҳдудкунандаи ихтиёроти ҷангии раисҷумҳури ин кишвар дар бораи Эрон, баёнияе мунташир кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии раиси Маҷлиси намояндагони Амрико, Ненси Плоси дар ин баёния овардааст: Сенат бо тасвиби қатънома дар бораи ихтиёроти ҷангӣ, дар канори Маҷлиси намояндагон ба масъулияте, ки мо ба унвони Конгресси Амрико бар уҳда дорем, амал кард ва он ҳифзи амнияти мардуми Амрико аст.

Плоси афзуд, тасмими бемулоҳизаи раисҷумҳур дар хусуси даргирии хасмона бо Эрон бидуни машварат бо конгресс ҳамчунон ҷони нерӯҳои низомӣ, дипломатҳо ва дигаронро ба хатар меандозад.

Плоси дар ин баёния идома дод: “Акнун беш аз 100 нерӯи амрикоӣ бар асари ҳамлаи талофиҷӯёнаи Эрон ба садамоти мағзии осебзананда мубтало шудаанд, аммо Доналд Трамп, раисҷумҳурӣ садамоти иборат аз ҷангро “сардард” тавсиф ва эълом мекунад, ки ин мавзуъ ҷиддӣ нест”.

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт, раисҷумҳур бояд ба хости конгресс ва мардуми Амрико гӯш диҳад ва бо конгресс бар сари роҳбурди коҳиши таниш, ки аз ҷон ва манофеи амрикоиҳо муҳофизат кунад, таомул дошта бошад, зеро Амрико ва ҷаҳон дигар таҳаммули ҷангро надоранд.

Қатъномаи коҳиши ихтиёроти ҷангии Трамп дар бораи Эрон рӯзи панҷшанбе (13 феврал) бо 55 раъйи мувофиқ дар баробари 45 раъйи мухолиф дар Маҷлиси сенати Амрико тасвиб шуд.

 

 

 

Барчасп

Назарҳо