Феврал 16, 2020 20:09 Asia/Dushanbe
  • Муовнии Шӯрои муфтиёти Русия: Мусалмонон алайҳи

Муовини Шӯрои муфтиёти Русия эълом кард, ҳамаи мусалмонон бояд аз Фаластин дар баробари тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" ҳимоят кунанд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳиддинов, муовини Шӯрои муфтиёти Русия рӯзи якшанбе бо баёни ин, ки "Муомилаи қарн" комилан ба нафъи Исроил ва алайҳи Фаластин аст гуфт:

Кишварҳои исломӣ дар ин шароити сахт бояд аз миллати Фаластин ҳимоят кунанд.

Муовини Шӯрои муфтиёти Русия афзуд: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико "Муомилаи қарн"-ро бо аҳдофи таблиғотӣ ва барои таҳкими мавқеияти худ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико пешниҳод кардааст.

Муҳиддинов хотирнишон кард: Аммо манофеи миллати Фаластин набояд қурбонии аҳдофи таблиғотии дигар кишварҳо шавад ва мусалмонони ҷаҳон дар ҳимоят аз Фаластин масъулияти бузурге бар гардан доранд.

 

Барчасп

Назарҳо