Феврал 18, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Рекорди 70-солаи гармои ҳаво дар Маскав шикаста шуд

Созмони ҳавошиносии Русия аз шикаста шудани рекорди 70-солаи гармои ҳаво дар Маскав хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Созмони ҳавошиносии Русия эълом кард, ки бомдоди имрӯз, сешанбе, 18 феврал дамои ҳаво дар пойтахти Русия ба панҷ дараҷа болои сифр расид, ки чунин дамое дар ин айёми сол аз соли 1949 бесобиқа будааст.

Ҳавошиносии Русия пешбинӣ карда, ки ҳамчунон русҳо шоҳиди рекордшикани гарм шудани замин дар рӯзҳои оянда мебошанд.

Зимистони имсол дар Маскав, аз назари гармои ҳаво, бесобиқа буд, ба тавре ки то имрӯз шаш бор рекорди гармои ҳаво шикаста шудааст. Дар солҳои ахир ҳавои Русия бисёр гарм шудааст ва ин падида имсол, бавижа дар бахшҳои аврупоии он комилан машҳуд аст. Дар Маскав имсол дар муқоиса бо солҳои гузашта ба маротиб камтар барф борид, ба наҳве ки дар мадориси ин шаҳр, лижаронӣ, ки бахше аз варзишҳои иҷборӣ дар Русия аст, лағв шуд. Дар манотиқи шарқию шимолии Русия, ки наздики қутби Шимол аст ва манотиқи ҳамҷвори қутбӣ номида мешавад, низ дараҷаи сардии ҳаво ба ҷойи манфии 50 дараҷа ҳатто ба 10 дараҷа зер сифр ҳам намерасад.

Коршиносони ҳавошиносӣ иллати ҳавои гарми Русия дар ин фасли солро падидаи гарм шудани курраи Замин медонанд ва муътақиданд, ки ин падида дар оянда низ идома хоҳад ёфт ва ба эҳтимоли зиёд дар чанд минтақаи Русия сел ҷорӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп

Назарҳо