Феврал 18, 2020 20:11 Asia/Dushanbe
  • Даргирии шадиди низомии Русия ва Украина дар Луҳанск

Дар натиҷаи даргириҳои ҷадид дар минтақаи Луҳанск миёни низомиёни украинӣ ва нерӯҳои мавриди ҳимояти Русия як низомии украинӣ кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар идомаи иттиҳомзаниҳои Киев ба Маскав дар бораи дахолат дар даргириҳои манотиқи шарқии Украина артиши Украина рӯзи сешанбе аз «ҳамлаи ҷадиди Русия» ба минтақаи Луҳанск хабар дод, ки дар натиҷаи ин ҳамла як сарбози украинӣ кушта ва чаҳори тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бинобар эъломи артиши Украина, нерӯҳои низомии ин кишвар тавонистанд мавозеи худро ҳифз кунанд ва вазъият таҳти контрол қарор дорад.

Иттиҳомзании тозаи артиш ва расонаҳои Украина ба Русия дар бораи ҳамла дар Луҳанск дар ҳоле матраҳ шуда, ки дар соли 2014 ба дунболи сарнагунии давлати русгарои Виктор Янукович, раисҷумҳури вақти Украина ва рӯйи кор омадани як давлати ғарбгаро даргириҳо дар манотиқи шарқии Украина байни артиш бо рустборҳои ин кишвар оғоз шудааст.

Мақомҳои давлат ва расонаҳои Украина аз соли 2014 ва бо шиддат гирифтани даргириҳо дар манотиқи шарқӣ Русияро ба дахолат ва эъзоми нерӯҳои низомӣ ба ин даргириҳо муттаҳам кардаанд, аммо Маскав ин иттиҳомҳоро рад кардааст.

 

Барчасп

Назарҳо