Феврал 19, 2020 12:39 Asia/Dushanbe
  • Амрико ғули нафтии Русияро таҳрим кард

Ямрико як ширкати нафтии Русияро ба баҳонаи идомаи ҳамкориҳо бо Венесуэла таҳрим кард.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар паёми твиттерӣ аз таҳрими ширкати нафтии "РуссНефт" хабар дод.

Вазири хориҷаи Амрико афзуд: Мо бо ин кор шараёни ҳаётии давлати Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэларо дар гурехтан аз таҳримҳоямон дар бахши нафт қатъ кардем.

Майк Помпео ҳаммонанди гузашта ҳамчунин таъкид кард: Онҳо, ки аз ҳукумати Венесуэла ҳимоят мекунанд, посухгӯ хоҳанд буд.

Ин дар ҳолест, ки Блумберг чанде пеш фош кард, ки Амрико дар ҳоли баррасии таҳрими ширкати нафтии "РуссНефт" ба далели идомаи ҳамкорӣ бо Венесуэла аст.

Масъулони Вазорати хазонадории Амрико нигарон ҳастанд, ки таҳрими ширкати "РуссНефт" мумкин аст қимати нафтро боло бибарад ва бозорҳои ҷаҳонии нафтро дучори бӯҳрон кунад.

 

Барчасп

Назарҳо