Феврал 19, 2020 12:52 Asia/Dushanbe
  • Гузоришгари Созмони Милал: Террори сардор Сулаймонӣ нақзи қавонини байналмилал буд

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид иқдоми давлати Амрико дар террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро нақзи қавонини байналмилал хонд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Агнес Калламард тасреҳ кард: Террори сардор Сулаймонӣ равияи ғалатеро поягузорӣ мекунад, ки метавонад ниҳоятан ба як "фоҷиа" мунҷар шавад.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ҳам ахиран таъкид карда буд, иқдоми давлати Амрико дар террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нақзи ошкори қавонини байналмилаӣ аст.

Сардор Қосими Сулаймонӣ ва теъдоде аз ҳамразмонаш бомдоди ҷумъаи севвуми январи соли 2020, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар наздикии фурӯдгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп

Назарҳо