Феврал 20, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи Олии Амрико: Паёмбари акрам (с) – беҳтарин қонунгузору муҷрии адолат дар таърих

Додгоҳи Олии Амрико аз паёмбари акрам (с) ба унвони беҳтарин қонунгузору муҷрии адолат ёд кард.

Девони Олии Иёлоти Муттаҳида дар соли 1935 тайи мусаввабае эълом кард, Муҳаммад (с), паёмбари ислом олитарин намунаи қонунгузорӣ ва адолат аст.

Вебсайти Додгоҳи Олии Иёлоти Муттаҳида дар заминаи ин санад навиштааст: “Муҳаммад (571 - 632) - паёмбари ислом аст ва Қуръон манбаи аслии қавонини исломӣ аст, омӯзаҳои паёмбари акрам (с) усули қуръониро табйин ва пиёдасозӣ мекунад”.

Паёмбари акрам (с) ҷомеаи одилона ва сулҳомезро тасаввур мекард. Ӯ бо як ҳаракати густардаи сулҳхоҳӣ дар тӯли зиндагӣ ба ин ҳадаф даст ёфт. Ӯ мухолифи ҷанг буд ва ҳамеша муоҳидаи сулҳро бо мухолифони худ тарҷеҳ медод, ҳатто агар ин паймон манофеи вай ва пайравонашро дар назар намегирифт. Вай нахустин ҳарими ором дар шаҳри Мадинаро бидуни ҷанг ва хунрезӣ таъсис кард. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки кулли замони амалиёти воқеии низомӣ, ҳангоме ки вай барои дифоъ аз як шаҳри сулҳомез ҷангид, дар кулли 63 соли зиндагии худ беш аз шаш рӯз набуд. Ӯ барои сулҳ ҷангид, ки адолат ва озодиро барои ҳама мардум тазмин мекард, бавижа барои касоне, ки аз ҳама бештар маҳрум ва мазлум ҳастанд”.

Муҳаммад (с) ба инсон омӯхт, ки фақат як Худо барои тамоми башарият вуҷуд дорад. Ӯ ба мусалмонон омӯхт, ки ба тамоми паёмбарон ва кутуби муқаддаси илоҳӣ имон дошта бошанд. Пас аз он ки паёмбар (с) пас аз азимат аз Макка макони мусолиматомезе ба номи Мадинаро таъсис кард, бо яҳудиён ва мушрикони Мадина музокира кард. Мусалмонон ин паймонҳоро аввалин қонуни асосии мактуб медонанд, ки дар ҷаҳон зинда мондаанд.

Паёмбари ислом (с) шикор ва қатъи дарахтон дар Мадинаро манъ кард. Паёмбар (с) қатли ғайринизомиёнро ғайримуҷоз донист, маҳдудиятҳои шадидеро дар ҷангҳо вазъ кард ва ҳатто ба далели қатли сагҳои марде тавассути артиш ба он мард ғаромат дод.

 

Назарҳо