Феврал 20, 2020 19:09 Asia/Dushanbe
  • Савганди як раиси пулис дар Амрико ба Қуръон

Раиси пулиси ҷадиди яке аз шаҳрҳои иёлоти Ню Ҷерсӣ дар шарқи Амрико ба ҷои Инҷил аз Қуръон барои маросими адои савганд истифода кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник,  Иброҳим Майк Байкуро, як амрикоии турктабор ва аввалин раиси пулиси мусалмон дар Ню Ҷерсӣ аст, ки ба тозагӣ ба раёсати пулиси шаҳри Петерсони ин иёлат мансуб шуд ва дар маросими адои савганд ба ҷои Инҷил аз Қуръон истифода кард.

Андре Сайг, шаҳрдори шаҳри Петерсон гуфт, ин афсар аввалин раиси пулиси турктабори таърихи Амрико аст.

Пас аз адои савганди расмии ин афсари 60 сола бо Қуръон, имоми ҷамоати шаҳри Петерсон аз вай қадрдонӣ кард.

Бо вуҷуди исломситезӣ ва исломҳаросии расонаҳо ва давлатҳои ғарбӣ, бавижа дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, Ислом дар Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ ба сурати рӯзафзун дар ҳоли густариш ва таъмиқ аст.

 

Барчасп

Назарҳо