Феврал 20, 2020 21:01 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз монеатарошии Амрико барои фаъолияти дипломатҳои рус

Сухангӯи Кремл бо интиқод аз Амрико ба далели худдорӣ аз судури раводид барои дипломатҳои рус, эълом кард, ин иқдомоти Вашингтон фаъолияти намояндагони Русия дар СММ-ро мухтал кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи панҷшанбе гуфт, равия ва иқдомоти Вашингтон алайҳи дипломатҳои рус, фаъолияти Созмони Милал Муттаҳидро мухтал мекунад.

Песков афзуд, ин рӯйкарди давлати Амрико, ки масъулияти мизбонӣ аз СММ-ро бар ӯҳда дорад, мӯҷиби нигаронӣ аст.

Василий Небензя, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид низ хостори баргузории нишасти фаврии ин созмон барои расидагӣ ба коршикании Амрико дар судури раводид барои ҳайатҳои эъзомӣ шудааст.

Небензя хостори он шуд, ки нишасти фаврии ин созмон бо ҳузури Антониу Гутерреш, дабири кулл ба масъалаи имтинои Амрико аз судури раводид барои Константин Воронсов, сарпарасти ҳайати русӣ дар нишасти Кумитаи халъи силоҳ дар Ню-Йорк, расидагӣ кунад.

Комиссияи халъи силоҳи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе тасмим гирифт барои равшан шудани ин масъала, нишасти худро, ки қарор буд ҳамон рӯз баргузор шавад, 10 рӯз ба таъвиқ биандозад.

Амрико дар моҳҳои ахир аз судури раводид барои дипломатҳои бархе кишварҳо, аз ҷумла Русия худдорӣ ва ё дар ин кор монеатарошӣ мекунад.

 

Барчасп

Назарҳо