Феврал 21, 2020 16:46 Asia/Dushanbe
  • Ифшои нақши режими саҳюнистӣ дар террори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ

Пойгоҳи хабарии “Ҳил”, вобаста ба Конгресси Амрико мушорикати режими саҳюнистӣ дар амалиёти террори сардори сипаҳбуд Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро таъйид кард.

Пойгоҳи хабарии “Ҳил”, ки аз расонаҳои наздик ба Конгресси Амрикост, дар гузорише фош кард, ки режими саҳюнистӣ дар амалиёти террористии фурудгоҳи Бағдод, ки ба шаҳодати сардор Сулаймонӣ, Абумаҳдӣ Алмуҳандис ва тане чанд аз ҳамроҳони эшон мунҷар шуд, бо Амрико ҳамкории иттилоотӣ доштааст.

“Ҳил” дар бахше аз ин гузориш навишт: “Дар ин ҳамла на танҳо ба пойиши моҳвораӣ аз боло ниёз буд, балки лозим буд, ки иттилооте низ аз авомили иттилоотӣ рӯйи замин мухобира шавад, зеро вақте ҳавопаймои генерал Сулаймонӣ вориди Бағдод мешуд, муҳим буд, ки афроде аз рӯйи замин таъйид кунанд, ки худи ӯ аз ҳавопаймо пиёда шудааст ва Амрико бо ҳамкории Исроил шабакаҳоеро барои ин кор дар ихтиёр дошт”.

Бомдоди ҷумъаи севуми январ сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоб ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ҷонишини фармондеҳи басиҷи мардумии Ироқ ва тане чанд аз дигар аъзои ин созмон дар ҳамлаи паҳподии артиши Амрико, ки ба дастури шахси Трамп анҷом шуд, дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бағдод ба шаҳодат расиданд.

Сипаҳбуд шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ дар давроне, ки бахшҳои васее аз Ироқу Сурия ҳадафи тохтутози террористҳои таҳти ҳимояти Амрико ва муттаҳидонаш қарор гирифта буд, тавонист бо сомон додан ба ҷунбишҳои мардумӣ дар ин ду кишвар, нақши муҳиме дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа ДИИШ ва озодсозии шаҳрҳои Ироқ ва Сурия ифо кунад.

 

 

Барчасп

Назарҳо