Феврал 22, 2020 20:06 Asia/Dushanbe
  • Амрико амалиёти низомӣ алайҳи Толибонро мутаваққиф кард

Бо оғози тарҳи 7 рӯзаи коҳиши хушунат дар Афғонистон фармондеҳи НАТО дар ин кишвар аз таваққуфи амалиёти низмиёни хориҷӣ ва афғон алайҳи Толибон хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Скат Миллер - фармондеҳи маъмурияти пуштибони қотеи вобаста ба НАТО имрӯз дар нишасти хабарии муштарак бо Асадуллоҳ Холид эълом кард, ки амалиётҳои нерӯҳои хориҷӣ ва нерӯҳои давлатии Афғонистон дар баробари Толибон ба сифр расидааст.

Миллер дар ин нишаст, ки Масъуд Андаробӣ вазири умури хориҷаи  Афғонистон ҳам ҳузур дошт, гуфт, ки талош мешавад хушунат то охирин ҳадди мумкин коҳиш ёбад.

Вай аз Толибон хост, ки ба тарҳи коҳиши хушунат мутааҳид бимонанд, аммо агар коҳиши хушунатҳо аз сӯи Толибон поймол шавад, нерӯҳои амрикоӣ дар канори нерӯҳои давлатии Афғонитон дар баробари таҳаррукоти Толибон хоҳанд истод.

Давраи коҳиши хушунатҳо аз соати 12 шаби гузашта оғоз шуда ва қарор аст барои ҳафт рӯз амалиёти нерӯҳои давлатии Афғоинстон, нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонитон ва низ Толибон мутаваққиф бошад.

Пеш аз ин нерӯҳои давлатии Афғонистон рӯзона 15 амалиёти барномарезишударо дар саросари ин кишвар иҷро мекарданд, аммо акнун ин нерӯҳо ҳамроҳ бо НАТО дар ҳамоҳангӣ, тамомии фаолиятҳои низомии Толибонро таҳти назорат доранд.

 

Барчасп

Назарҳо