Феврал 23, 2020 13:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи фарогир шудани коронавирус

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз шуюи коронавирус дар кишварҳои дигари ҷаҳон ба хусус Жопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба нақл аз ИРНО, Савс-Чайна-Морнинг-Пост менависад, ки кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва Жопон шоҳиди мавориди рӯзафзуне аз ибтило ба коронавирус будаанд, ки ба шиддат нигаронии ин созмон ва коршиносони умури беҳдоштиро ба дунбол доштааст.

Ин гузориш меафзояд, ки дар Жопон шумори мубталоён аз марзи 750 нафар гузаштааст ва 3 тан кушта шудаанд, зимни инки омор нишон медиҳад, ки дар Кореяи Ҷанубӣ 556 нафар ва дар Эрон 28 нафар қатъан ба ин беморӣ мубтало шудаанд ва ба тартиб ҳаркадом 6 ва 4 мавриди фавтро ба сабт расондаанд.

Тедрос Адханом Гебрейсиус дабирикулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бо ишора ба Ковид II, ки иборати ихтисории коронавируси 2019 аст аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла давлатҳои африқоӣ хост, то бо ҳамкорӣ ва барномаи муштарак ба ин вирус юриш баранд.

Вай афзуд, кишварҳо ва минтақаҳое, ки низоми беҳдоштии заифтаре доранд, тавони муқобилаи онҳо бо вирус табиатан камтар аст ва барои ҳамин кишварҳои африқоӣ бояд бо якдигар дар набард бо вирус муттаҳид шаванд.

Шуомре аз коршиносон дар ин шароит истифода аз таҷрибаҳои ду моҳи гузаштаи Чинро хостор шудаанд, ба хусус онки шумори мубталоён дар рӯзи шанбеи ин ҳафта дар Чин 55 дарсад нисбат ба рӯзи пеш аз он камтар шуд.

Онҳо мегӯянд, ки тадбирҳои қарантини Чин ва қуфл кардани дарҳои 80 шаҳр дар саросари кишвар ба хусус маркази шуюи беморӣ бисёр сахт буда, аммо натиҷаҳои муассир ва мусбате ба ҳамроҳ доштааст.

 

Барчасп

Назарҳо