Феврал 23, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • Баид нест коронавирус силоҳи биологӣ бошад

Муовини аввали раиси Кумитаи Думаи кишварӣ дар умури байналмилали Русия, нақш доштани Амрико дар бурӯзи коронавирусро рад накарду гуфт: Баид нест ин вирус як силоҳи биологӣ бошад.

Ба нақл аз ИРНА, Дмитрий Новиков таъкид кард: Иёлоти Муттаҳидаро набояд кишваре донист, ки аз сохти силоҳи биологӣ ақиб мондааст.

Ин мақоми рус афзуд: Он чи даст доштани Амрико дар шароити имрӯз Чинро муҳтамил мекунад, ин воқеият аст, ки муддатҳост ар баъзе аз кишварҳо талош барои сохти силоҳҳои биологӣ идома дорад ва ин мушкил дигар мавзӯе маҳрамона нест.

Ба эътиқоди вай, Амрико низ дар ин замина фаъолият мекунад.  Зимни ин, ки тарафҳои зиёде аз ин раванд нафъ мебаранд, ки ин вирусҳо озмоиш шаванд ва бубинанд натиҷа чи хоҳад шуд.

Вазорати хориҷаи Амрико низ ба тозагӣ Русияро муттаҳам кардааст, ки дар талош барои эҷоди корзоре бузург дар шабакаҳои иҷтимоӣ Амрикоро масъули хурӯҷи навъи ҷадиди коронавирус дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

  

Барчасп

Назарҳо