Феврал 23, 2020 21:04 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус мардҳоро бештар аз занҳо мекушад

Баррасиҳо дар ҷомеаи омори Чин нишон медиҳад, ки коронавирус то имрӯз мардонро бештар аз занон ҳадаф қарор додааст.

Ба нақл аз CNN, донишмандон мегӯянд: Занон посухи иммунии қавитаре нисбат ба уфунат доранд. Зимни ин, ки дар Чин мардон бештар аз занон сигор мекашанд. Бинобарин, муқобили ин вирус заифтар амал кардаанд.

Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои Чин бо интишори бузургтарин таҷзия ва таҳлили мавориди коронавирус эълом кард, ки агарчи теъдоди мардон ва занони мубтало ба ин беморӣ тақрибан баробар гузориш шуда, аммо мизони маргумир дар мардон 2,8 дарсад ва дар занон 1,7 дарсад будааст.

Ин мавзӯъ дар давраи хурӯҷи бемории саросар низ содиқ буд.

Донишмандон мегӯянд, занон ҷангҷӯҳои беҳтаре барои мубориза бо вирусҳо ҳастанд.

 

Барчасп

Назарҳо