Феврал 25, 2020 20:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Шӯрои амният аз ташкили кишвари мустақили Фаластин

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо ҳимояти тамоми аъзо бар ташкили кишвари мустақили Фаластин ва идомаи «музокироти муътабар» байни ду тараф таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Шӯрои амният дар баёнияе, ки ҳимояти тамоми аъзоро касб кардааст, дар бораи иқдомоти хушунатомез алайҳи ғайринизомиён дар Фаластин ибрози нигаронӣ кард.

Дар баёнияи Шӯрои амният аъзои шӯро ҳимояти худро аз роҳҳали ду давлат эълом ва бар барқарории сулҳ дар марзҳои расмӣ таъкид карданд. Дар ин баёния бо ишора ба иқдомоти режими саҳюнистӣ барои сохти хонаҳои ҷадид дар Қудс омадааст, ки тамоми тарафайн бояд аз иқдомоте, ки монеи расидан ба сулҳи пойдор, ҷомеъ ва одилона мешавад, худдорӣ кунанд.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ пештар дар дидор бо Риёз Алмоликӣ, вазири умури хориҷии Фаластин дар Брюссел бар ташкили кишвари мустақил барои мардуми Фаластин таъкид карда буд.

Эътирозҳо ба иқдомоти режими саҳюнистӣ пас аз ифшои ҷузъиёти тарҳи “муомилаи қарн” дар 28 январ аз сӯйи Доналд Тармп, раисҷумҳури Амрико ба шиддат афзоиш ёфтааст. Бар асоси тарҳи амрикоӣ – саҳюнистии "муомилаи қарн", Қудси шариф ба режими саҳюнистӣ вогузар мешавад, оворагони фаластинӣ дар дигар кишварҳо ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти замини боқимондаи Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғаззаро хоҳад дошт.

 

Барчасп

Назарҳо