Феврал 27, 2020 18:50 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди нахустин мавориди ибтило ба

Мақомоти кишварҳои мухталифи аврупоӣ, аз сабти нахустин мавориди ибтило ба коронавирус дар Норвегия, Дания, Руминия ва Эстония хабар доданд.

Ба гузориши Рейтерз, вазорати беҳдошти Дания, мақомҳои беҳдоштии Эстония ва Руминия рӯзи панҷшанбе аввалин мавриди ибтило ба коронавирус дар кишварҳояшонро таъйд карданд.

Вазорати беҳдошти Норвегия, низ ибтилои як шаҳрванди ин кишвар ба коронавирусро таъйид кард.

Вазорати беҳдошти Дания ва Норвегия эълом карданд, афроди мубтало ба коронавирус дар манозилашон карантин шуданд.

Афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар Аврупо, нигаронии мақомҳои Брюсселро мӯҷиб шудааст.

Комиссияи Аврупо аз бими густариши коронавирус ба кормандони худ тавсия кардааст, ки аз сафар ба манотиқи олуда ба ин вирус дар шимоли Италия худдорӣ кунанд.

Иттиҳоди Аврупо, низ аз ихтисоси 230 миллион евро барои муқобила бо коронавирус хабар дод.

Рӯзномаи Ню-Йорк таймз гузориш дод, густариши коронавирус фақат мушкили Италия нест ва ин беморӣ иқтисоди Аврупоро таҳдид мекунад.

Коронавирус, ки авохири декабри 2019, барои нахустин бор дар шаҳри Вуҳани Чин мушоҳида шуд, илова бар 30 устони ин кишвар, ба беш аз 36 кишвари ҷаҳон, аз ҷумлаи кишварҳои ғарби Осиё низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, токунун беш аз 81 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ва беш аз 2 ҳазору 700 нафар дар саросари ҷаҳон ҷони худро аз даст доданд.

 

Барчасп

Назарҳо