Феврал 27, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Манъи мулоқоти низомиёни Арманистон аз тарси коронавирус

Вазорати дифои Арманистон барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус дар артиш, ҳамаи низомиёни ин кишварро аз мулоқот манъ кард.

Вазорати дифои Арманистон дар баёнияе эълом кард, ин иқдомоти пешгирона бо ҳадафи ҷилавгири аз густариши коронавирус дар ягонҳои низомӣ ва ҳифозати ҳаддиаксарӣ аз кормандони низомӣ сурат гирифта ва дар сурати лузум иқдомоти бештаре дар ин хусус анҷом хоҳад шуд.

Дар ин баёния ҳамчунин аз волидайн ва бастагони сарбозон ва нирӯҳои низомии Арманистон хоста шуда аз муроҷиа ба воҳидҳои низомӣ, худдорӣ кунанд ва дар ин замина ҳамкориҳои лозимро бо артиши ин кишвар ба амал оваранд.

Бино бар эъломи давлати Арманистон, ҳанӯз ҳеҷ мавриди ибтило ба коронавирус дар Арманистон гузориш нашудааст.

Гуфтанист Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, имрӯз панҷшанбе дар ҷаласаи вижаи ҳайати давлат дар бораи коронавирус гуфт, давлати ин кишвар тамоми иқдомоти лозимро барои пешгирӣ аз вуруди ва густариши ин беморӣ дар Арманистон анҷом хоҳад дод.

Густариши коронавирус дар моҳи декабри 2019 аз шаҳри Вуҳони Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ғайри аҳлӣ будааст.

Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин, ба беш аз 40 кишвари дигар, аз ҷумла кишварҳои минтақаи ғарби Осиё сироят кардааст.

 

Барчасп

Назарҳо