Феврал 29, 2020 13:11 Asia/Dushanbe
  • Заъфи Амрико дар муқобила бо коронавирус

Маркази кантрол ва пешгири аз бемориҳо дар Амрико CDC зимни ҳушдор дар бораи шуюи коронавирус дар Амрико, эълом кард озмоишгоҳҳо дар кишвар аз фиқдони озмоишҳои лозим дар ин бора сархурда ва ноумед ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,дуктур Нансӣ Миссунер мудири маркази милли эминсозӣ ва бемориҳои танафусӣ дар маркази кантрол ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Амрико дар канфронси матбуотӣ эълом кард ; мо дар ниҳоят шоҳиди густариши умумии вирус дар Амрико хоҳем буд.

Вай афзуд ; муҳимтарин абзоре,ки дар ихтиёр дорем мудохилаҳои ғайри доруие аст,ки ибтикороти мухталиф аз таътилии мактабҳо то карантинаҳои худихтиёрӣ ва лағви ҳамаи гирдиҳамоиҳо ва канфронсҳо дар маконҳои умумӣ ва фазоҳои умумии Амрикоро дар бар мегирад.

Рӯзи 12 феврал CDC эълом кард чандин бастаи озмоиши ирсолӣ ба озмоишгоҳои беҳдошти умумии Амрико мушкил доштанд ,ки муҷиби бурузи иштибоҳ дар кантрол ва посух озмоиш шуд. Дар ҳоли ҳозир фақат 12 озмоишгоҳ дар хориҷ аз CDC, воқеъ дар Калифорния, Илинво,Нираска, Наводо ва Тансӣ аз қобилияти озмоиши вирус бархурдоранд.

Пештар, Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо иддаои нигаронӣ дар бораи вируси Карона дар Чин ва Эрон, муддаӣ шуда буд ,ки давлаташ тавонистааст аз вуруди коронавирус  ба Амрико пешгири кунад.

Бар асоси омори CDC , дар тулисоли гузашта 16 ҳазор нафар дар Амрико аз онфлонзои H1N1 ҷонбохтаанд. Аммо , ҳеҷгоҳ давлати Амрико дар ин бора хабарӣ мунташир накардааст.

Назарҳо