Феврал 29, 2020 13:56 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ шудани вуруди атбоъи кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба Мака Ва Мадина

Вуруди атбоъи кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба Мака ва Мадина

Ба нақл аз Форс, Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ шомгоҳи ҷумъа (28 феврал ) эълом кард,ки барои пешгири аз вуруди коронавирус ба ин кишвар, сафари атбоъи кишварҳои арабии халиҷи Форс ба Мака ва Мадина барои ҳаҷи умра ва сафари зиёратӣ мамнуъ аст.

Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ гуфтааст,ки ин қонун , мувақат буда ва машмули он даста аз касоне,ки 14 рӯз дар Арабистон иқомат доштаанд, намешавад.

Ба гузориши рӯзномаи саудии Сабақ, Арабистони Саудӣ эълом карда,ки судури раводиди саёҳатӣ ба атбоъи кишварҳои ёдшуда ,ки коронавирус дар онҳо интишор ёфта ,ба таълиқ даромадааст.

Дар ду ҳафтаи ахир шуморе аз шаҳрвандони саудӣ,ки ба Эрон ва Чин сафар кардаанд,ба коронавирус мубтало шудаанд. Аввалин мавриди мубтало ба коронавирус дар Арабистон марбут ба парастори ҳиндӣ буд,ки дар минтақаи Абҳо ( ҷануб ғарбӣ ) шиносоӣ шуд.

Назарҳо