Феврал 29, 2020 19:33 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи амрикоиҳо дар 14 моҳи оянда аз Афғонистон

Дар пайи тавофуқи Амрико ва Толибон, ки имрӯз дар Қатар имзо шуд, Амрико дар муддати 135 рӯз пас аз ин тавофуқ нерӯҳои худро дар Афғонистон ба ҳашт ҳазору 600 нафар коҳиш медиҳад.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, тавофуқномаи сулҳи Амрико бо Толибон пас аз ҳудуди ҳаҷда моҳ музокироти дуҷониба, асри имрӯз дар Қатар имзо шуд.

Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар аз тарафи Толибон ва Зулмо Халилзод, музокиракунандаи Амрико ин тавофуқномаро имзо карданд.

Мулло Бародар ибрози умедворӣ кард, бо имзои ин тавофуқнома низомиёни хориҷӣ ба сурати комил аз Афғонистон хориҷ шаванд.

Вай ҳамчунин аз кӯмакҳои Эрон, Покистон, Русия, Норвегия ва бархе кишварҳои дигар дар раванди сулҳи Афғонистон қадрдонӣ кард.

Гурӯҳи Толибон эълом кард, ки ба тавофуқ бо Амрико пойбанд аст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико низ гуфт, бар асоси тавофуқи сулҳ миёни Амрико ва Толибон, Толибон тааҳуд кардааст равобити худро бо гурӯҳҳои террористӣ қатъ ва бо давлат, мардум ва фаолони мадании Афғонистон музокироти худро оғоз кунад.

Бар асоси баёнияи муштараки Амрико ва Афғонистон, Амрико аз иҷрои зӯр алайҳи тамомияти арзии Афғонистон худдорӣ мекунад ва дар масоили дохилии ин кишвар дахолат намекунад.

Дар баёнияи давлатҳои Афғонистон ва Амрико омдааст, дар сурате, ки Толибон ба тааҳудоташ амал кунад, Амрико ва НАТО ҳамаи нерӯҳои худро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ хоҳанд кард.

 

Барчасп

Назарҳо