Март 01, 2020 10:44 Asia/Dushanbe
  • Трамп муддаӣ шуд, ба тӯлонитарин ҷанги Амрико поён медиҳам

Раисиҷумҳури Амрико муддаӣ шуд, ки зайли тавофуқи сулҳ бо Толибон мехоҳад ба тӯлонитарин ҷанги Амрико поён диҳад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо; Доналд Трамп,раисиҷумҳури Амрико шомгоҳи шанбе дар Конфронси хабарии худ бо ишора ба имзои тавофуқи сулҳ миёни Амрико ва Толибон муддаӣ шуд, ки қасд дорад бо ин тавофуқ ба тӯлонитарин ҷанги Амрико поён диҳад ва сарбозони амрикоиро ба хонаҳояшон бозгардонад.

Саранҷом пас аз яксол музокироти фишурда ва бо вуҷуди нигарониҳо аз мутаваққиф нашудани ҷанг дар Афғонистон, Амрико ва Толибон тавофуқи сулҳ имзо карданд.

Зулмо Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Мулоғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон рӯзи шанбе дар маросиме дар Дуҳа пойтахти Қатар тавофуқи сулҳро барои поёни ҷанг дар Афғонистон имзо карданд.

Раисиҷумҳури Амрико дар идомаи Конфронси хабарии худ бо таъиди аввалин мавриди талафоти коронавирус дар ин кишвар аз иҷроии маҳдудиятҳои мусофиратӣ дар марзҳои ин кишвар хабар дод.

Раисиҷумҳури Амрко бо таъиди марги аввалин мавриди мубтало ба коронавирус дар ин кишвар дар тавҷиҳи амалкарди заифаш гуфт, давлат интизори талафоти бештареро дошт бо ин ҳол далеле барои тарс вуҷуд надорад.

Ба мувозоти шуюи рӯзафзуни коронавирус дар Амрико, Трамп ба далели ҷиддӣ нагирифтани ин беморӣ бо интиқодҳои шадид рӯбарӯ шудааст.

Коронавирус охирҳои соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳан дар вилояти Ҳубей шарқи Чин мушоҳида шуд ва акнун илова бар 30 вилояти ин кишвар ба камаш 40 кишвари дигар аз ҷумла Амрико, Англия, Италия, Австралия, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Жопон, Канада, Фаронса, Арабистон ва Аморот сироят кардааст.

Барчасп

Назарҳо