Март 01, 2020 11:45 Asia/Dushanbe
  • Толибон дастури таваққуфи ҳамалот дар Афғонистонро содир кард

Толибон рӯзи шанбе ба дунболи тавофуқи сулҳ бо Амрико дар шаҳри Дуҳаи Қатар, дастури таваққуфи ҳамалот дар Афғонистонро содир кард.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Толибон эълом кард, ки онҳо қабл аз имзои тавофуқи сулҳ бо Амрико, дастури таваққуфи комил якрӯзаи ҳамалот дар Афғонистонро содир кардаанд. 

Гурӯҳи Толибон ҳамчунин эълом кард, ки иқдомоти ояндаи худ дар Афғонистонро мутобиқи тавофуқномаи Дуҳа пеш хоҳад бурд. 

Саранҷом пас аз як сол музокироти фишурда ва бо вуҷуди нигарониҳо аз мутаваққиф нашудани ҷанг дар Афғонистон, Амрико ва Толибон тавофуқи сулҳ имзо карданд. 

Зулмо Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Муллоғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон рӯзи шанбе дар маросиме дар Дуҳа пойтахти Қатар ва дар ҳузури мақомот ва намояндагони кишварҳои мухталиф, тавофуқи сулҳро барои поёни ҷанг дар Афғонистон имзо карданд. 

Бар асоси ин тавофуқ, қарор аст нерӯҳои амрикоӣ ва хориҷӣ ба шарти пойбандии Толибон ба коҳиши хушунат дар Афғонистон дар 14 моҳи оянда ба таври комил ин кишварро тарк кунанд. 

Барчасп

Назарҳо