Март 12, 2020 18:42 Asia/Dushanbe
  • Изъони мақоми амрикоӣ ба шаффоф набудани муҳокимаи қотилони Хошуқчӣ

Муовини вазири умури хориҷаи Амрико ба бархӯрди ғайри шафофи мақомоти Саудӣ дар муҳокимаи қотилони Хошуқчӣ изъон кард.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Роберт Дестро, муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури мавсум ба "демократия ва ҳуқуқи башар" гуфт, муҳокимаи қотилони Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори арабистонӣ бо шаффофияти муносиб анҷом нашуд.

Вай бо изъон ба ин, ки кушта шудани Ҷамол Хошуқчӣ ҷинояте ғайриқобили қабул буд афзуд, гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар бораи ҳуқуқи башар ҳовии масоиле дар бораи муҳокимаҳо намешавад, аммо бар ин боварам, ки муҳокимаи қотилони Хошуқчӣ бо шаффофият ҳамроҳ набуд.

Муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар айни ҳол гуфт, ки мавзеи Вашингтон дар баробари қатли Хошуқчӣ тағйир накардааст.

Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ дувуми октябри 2018 дар дохили сохтмони консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия ба тарзи ваҳшатноке ба қатл расид.

Гузориши Созмони иттилооти Амрико аз даст доштани мақомоти олирутбаи Риёз аз ҷумла шахси Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ дар ин ҷиноят ҳикоят дорад, аммо давлати Амрико ҳамчунон ба ҳимоят аз режими Саудӣ идома медиҳад ва ҳозир нест бар сари ин ҷиноят, бархӯрди ҷиддӣ бо ин режим дошта бошад.

 

Барчасп