Март 15, 2020 19:50 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Русия

Вазорати бозаргонии АМрико ду ширкати русиро таҳрим кард.

Ба гузориши хабаргузории ТААС, Вазорати бозаргонии Амрико рӯзи якшанбе ду ширкати русиро ба номҳои  "Avilon Ltd" ва "Technomar"- ро таҳрим кард.

Вазорати бозаргонии Амрико дар баёнияе муддаӣ шуд, ки иллати изофа шудани исмҳои ин ду ширкат ба феҳристи таҳримҳои Амрико ин буд, ки онҳо дар ҳоли фиреби таҳримҳои Амрико буданд.

Длар баёнияи Вазорати бозаргонии Амрико омадааст: Ин ду ширкати рус дар ҳоли фаъолияти махфиёна, ба намояндагӣ аз як ширкати таҳримшуда аз сӯи Амрико ба номи "Technopul" буданд ва колоҳои бозори Амрикоро барои он ширкат, ки ҳаққи дастрасӣ ба бозори Амрико надошт, харидорӣ мекарданд.

Вазорати бозаргонии Амрико ҳамчунин эълом кард: Номи ширкати Technopul"  дар 7 сентябри соли 2016 дар феҳристи ниҳодҳои таҳримшуда аз сӯи Амрико қарор гирифтааст.

 

Барчасп

Назарҳо