Март 18, 2020 21:44 Asia/Dushanbe
  • Беиродагии Толибон барои сулҳ дар афғонистон

Шӯрои амнияти миллии афғонистон эълом кард ; Толибон иродаи воқеӣ барои барқарории сулҳ ва таъмини амният дар ин кишвар надорад.

Ҷовид Файсал, сухангуи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон аз Толибон хост барои ба натиҷа расидани раванди сулҳ бо давлат таомул ва ҳамкори кунад.

Ҷовид Файсал афзуд, Толибон бояд барои ёфтани роҳи ҳале,ки битавонад ба ҷанг дар Афғонистон поён диҳад ва раҳоии зиндониёни ин гурӯҳро фароҳам кунад талош кунад.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳурии Афғонистон ахиран фармонеро содир кардааст,ки панҷ ҳазор зиндонии Толибон ба таври тадриҷи аз зиндонҳои Афғонистон озод мешаванд.

Суханони сухангуи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон дар бораи он,ки Толибон иродае барои сулҳ дар ин кишвар надорад, ноши аз нишонаҳои таамулбарангезе аст,ки пас аз имзои тавофуқи сулҳ байни ин гурӯҳ ва Амрико дар 29 феврал дар Доҳа пойтахти Қаттар, бурӯз ёфтааст.

Дар паи имзои тавофуқи хотимаи ҷанг байни Амрико ва Толибон дархости ин гурӯҳ барои озодии ҳамаи зиндониёни худ пеш аз шуруи музокираҳои байни афғонӣ муҷиби тааҷуб ва нигарониҳои наве дар Афғонистон шудааст.

Барағми он,ки Ашраф Ғанӣ ба дархости Толибон барои озодии зиндониён пеш аз шуруи музокироти байни афғонӣ вокуниши тунде нишон дод, аммо пас аз фишорҳои ошкор ва пинҳони Амрико, вай дастури озодии тдриҷии зиндониёни Толибонро содир кард,ки бар асоси он 1500 зиндонии ин гурӯҳ аз маҷмуъ 5000 зиндонӣ пеш аз ин гуфтугуҳо озод шаванд ва мобақии онон дар фароянди музокирот ва тавофуқи ду траф озод хоҳнд шуд.

Брғми он,ки б таври табии масалаи озодии зиндониёни Толибон дар Афғонистон бояд дар фароянди музокира ва тавофуқи байни ин гурӯҳ ва ин гурӯҳ таъйину таклиф шавад, аммо исрор ва эъмоли фишори Толибон дар ин замина ҳоки аз нави зиёдахоҳӣ ва имтиёзгирӣ дар арсаи сулҳ аст,ки метавонад барои ин раванд мухотирнгез бошд.

Дар рӯзҳои ахир гузоришҳои бисёре дар бораи  эъмоли хушунтҳои густардаи Толибон дар минтқҳои мухталифи Афғонистон мунташир шудааст,ки бар тардидҳо дар бораи пойбандии ин гурӯҳ ба раванди сулҳ афзудааст.

Ин шароит муҷиб шуда то Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ба ин натиҷа бирасад,ки Толибон барои дастёби ба сулҳи воқеӣ иродаи лозимро надорад ва мункин аст,ки ҳатто пас аз баргузории эҳтимолии гуфтугуҳои байни афғонӣ ва имзои тавақуфи сулҳ байни давлати Кобул ва ин гурӯҳ, Толибон ҳамчунон ба эъмоли хушунат ва даргири дар Афғонистон идома диҳнд.

Ба ҳамин иллат аст,ки дар ҳоли ҳозир бархе шахсиятҳои сиёсӣ, маҳфилҳои расонаӣ ва мардуми Афғонистон, хостори таҷдиди назари давлати ин кишвар дар раванди тадриҷии озодии зиндониёни ин гурӯҳ ҳастанд ва таъкид доранд,ки ҳаргуна имтиёздиҳи ба Толибон пеш аз шуруи музокироти байни афғонӣ ба тасавури ҷиди шудани онон барои истиқрори сулҳ, таҳдиде барои барномаи сулҳ маҳсуб мешавад.

Барчасп

Назарҳо