Март 24, 2020 19:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ашраф Ғанӣ бар лузуми оташбас бо

Раисҷумҳуори Афғонистон бар лузуми барқарории оташбас бо гурӯҳи "Толибон" таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи сешанбе аз гурӯҳи "Толибон" хост, ки барои барқарории сулҳ ва мубориза бо коронавирус оташбас эълом кунад. Дар ғайри ин сурат, агар бар асари густариши коронавирус фоҷиае дар Афғонистон рух диҳад, масъулони он "Толибон" ва кишварҳои ҳомии онҳо хоҳанд буд.

Раисҷумҳури Афғонистон барқарории сулҳ дар ин кишварро хости ҳамаи мардуми Афғонистон донист ва афзуд: Касоне, ки бо сулҳ мухолифанд, дар ҳақиқат бар куштори мардуми ин кишвар таъкид доранд.

Дархости Ашраф Ғанӣ аз гурӯҳи "Толибон" барои барқарории оташбас дар ҳолест, ки  ин гурӯҳ дар рӯзҳои ахир ҳамлаҳое зидди нерӯҳои артиш ва пулиси Афғонистонро ташдид кардааст.

Ҳудуди се ҳафта пеш низ гурӯҳи "Толибон" ва Амрико барои поёни ҷангу даргирӣ дар Афғонистон тавофуқнома имзо карда буданд.

Барчасп

Назарҳо