Март 25, 2020 09:35 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли шуюи як вируси дигар дар Чин

Манобеи чинӣ аз эҳтимоли шуюи як вируси нави дигар дар ин кишвар хабар доданд.

Пойгоҳи хабарии Глубол Таймз-и Чин рӯзи сешанбе навишт, бо вуҷуди даргирии ҷаҳон бо коронавирус, бемории дигаре низ дар ҳоли рушд аст; озмоиши марде аз аҳолии вилояти Юннани Чин нишон дод, ки вай мубтало ба вируси ҳанта будааст.

Ин мард рӯзи душанбе ногаҳон даргузашт; бо анҷоми озмоиш пизишкон мутаваҷҷеҳ шуданд, ки вай ба бемории бархоста аз вируси ҳанта мубтало будааст.

Ҳанта вирусе аст, ки асосан тавассути ҷавандагон густариш пайдо мекунад ва метавонад боиси бемориҳои мухталифе дар бадан аз ҷумла дар қисматҳои рия ва куллия дар ашхос шавад.

Назарҳо