Март 25, 2020 17:44 Asia/Dushanbe
  •  33 куштау захмӣ дар ҳамла ба маъбади Сикҳо дар Кобул

Ҳамла ба маъбади ҳиндуҳои Сик дар Кобул пойтахти Афғонистон 25 куштау 8 захмӣ барҷой гузошт .

Ба нақл аз ИРНА, сухангуйи Вазорати кишвари Афғонистон гуфт: соати 8 субҳи имрӯз чаҳоршанбе ба вақти маҳалӣ, муҳоҷимон бо вуруд ба ибодатгоҳи ҳиндуҳои Сик дар кучаи Шурбозори Кобул бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Манобеи маҳалӣ теъдоди муҳоҷимонро 4 нафар эълон кардаанд. гуруҳи такфирии ДИИШ дар баёние эълон кард: ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе ба ибодатгоҳи ҳиндуҳои Сик дар Кобул кори ин гуруҳ будааст.

Нерендер Синг намояндаи ҳиндуҳо дар Афғонимтон ҳам гуфт, ки ҳангоми ҳамла ба ин ибодатгоҳ 150 нафар дар он ҳузур доштаанд ва эҳтимол даорад, ки омоори кушташудагон афзош ёбад. 

тақрибан ду сол пеш низ ҳиндуҳои Сик ҳадафи ҳамлаи инфиҷории гуруҳи терорристии ДИИш қарор гирфтаанд, ки бар асари он 19 тан гушта ва 21 нафари дигар захми шуданд.

Барчасп