Март 25, 2020 20:18 Asia/Dushanbe
  • Корона бузургтарин иқтисоди Аврупоро ба зону даровард

Натиҷаҳои як таҳқиқоти нав нишон дод, ки шохиси касбу кор дар Олмон дар моҳи март ба далели шуюи вируси Корона ба пойинтарин сатҳ аз соли 2009 то кунун расидааст.

Ба нақл аз хабаргузори Рейтерз  муасисаи мутолиоти иқтисоди Ийфо бо истинод бар натоиҷи ниҳоии таҳқиқоти худ дар моҳи март гузориш дод, ки шохиси фазои касбу кор дар ин моҳ дар муқоиса бо моҳи феврал аз 96 дар сад ба 8601 дар сад коҳиш ёфтааст.

Раиси муасисаи Ийфо дар баёнияе эълон кард: ин шадидтарин суқут аз замони иттиҳоди дубораи Олмон аст ва нишон медиҳад шохиси касбу кор дар олмон ба пойинтарин сатҳ аз моҳи январи соли 2009 то кунун расида ва иқтисоди ин кишвар дар шок аст.

 Тибқи охирин омор дар Олмон то кунун 33 ҳазору 953 нафар ба Корона омубтало шудаанд. ки аз ин теъдодо 399 тнафар беҳбуд ёфта ва 171 нафр ҷон бохтаанд.

Натиҷаи озмоиши Коронои Англо Меркел садри аъзами Олмон, ки ба иллати машкук будан ба мубтало ба Корона дар карантинаи хонагӣ буд, манфӣ эълон шудааст.

Давлати Олмон мулоқоти беш аз ду нафарро дар ин кишвар мамнуъ кардааст.

 

Барчасп

Назарҳо