Март 25, 2020 21:17 Asia/Dushanbe
  • Дастёри Умронхон: Созмони Милалл барои лағви таҳримҳои Эрон вуруд кунад

Дастёри вижаи нахуствазири Покистон ва сарпарасти вазорати иттилоъ расонии ин кишвар рузи чаҳоршанбе аз Созмони Милалл хост то нақши худро барои лағви таҳримҳои зидди Эронии Амрико ифо кунад.

Ба нақл аз ИРНА, Фирдавс Ошиқ Аъвон имрӯз пас аз нишасти кабинаи давлати Покистон ба раёсати Умронхон нахуствазири ин кишвар, дар конфронси матбуотӣ дар Исломобод нуфт: гуфтугуҳои дипламатии ахири Исломобод бо мақомҳои кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар хусуси лағви таҳримҳои Эрон, дар нишасти аъзои кабина баррасӣ шуд.

Вай афзуд: нахуствазир ва вазири умури хориҷри Покистон дар рӯзҳои ахир мавзуи сариҳи Исломобод алайҳи таҳримҳои зидди Эрониро ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон иблоғ карданд зеро мо имрӯз шоҳиди душвориҳои пеширӯйи мрдуми Эрон барои набард бо вируси Корона ҳастем.

Ин мақоми покистонӣ гуфт: Умронхон мусамам ба бедор кардани виҷдони ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хусуси таҳримҳои Эрон ва мушкилоти пешрӯйи ин кишвар аст ва мо аз кишварҳои ҷаҳон ба вижа аз Созмони Милалл мехоҳем,ки нақши худро дар ин хусус ба хуби ифо кунанд.

Вай таъкид кард: лағви таҳримҳои Эрон як масӯуляти ҷаҳонӣ буда ва ҳадаф аз он даст расии мардуми Эрон ба имконоти нави пизишкӣ ва дармонӣ бари муқобилаи муасир бо вируси Кувиди 19 аст.

Барчасп

Назарҳо