Март 26, 2020 11:25 Asia/Dushanbe
  • Номаи ҳашт кишвар ба дабирикулли Созмони Миллал: Ҳушдор дар бораи асароти манфии таҳрим дар маҳори коронавирус

Намояндагони Эрон, Русия, Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ, Ироқ, Венесуэла ва Никарагоа дар Созмони Миллали Муттаҳид дар номае ба дабирикулли ин созмон бо ишора ба ин ки коронавирус душмани муштараки ҳама аст ҳушдор доданд: Таҳрим бар маҳори коронавирус асари манфӣ мегузорад.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНО; намояндагони Эрон, Русия, Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ, Ироқ, Венесуэла ва Никарагоа дар Созмони Миллали Муттаҳид дар номае, ки ба Антонио Гутерриш- дабирикулли ин созмон навиштанд, тасреҳ карданд: Кишварҳое, ки дар ҳоли ҳозир бо иҷроии иқдомоти қаҳрияи якҷониба, ки ғайриқонунӣ ва ошкоро поймолсозии қавонини байналмиллалӣ ва Маншури Созмони Миллал аст рӯбарӯ ҳастанд, муқобила бо коронавирусро барои онон сахт мекунад. 

Ин нома бо ишора ба гузориши коршиносони мустақили Созмони Миллал  бар асоси  ин ки истифода аз иқдомоти қаҳрияи якҷониба бар беш аз як севуми башар таъсир мегузорд меафзояд: Набояд иҷоза дод муҳосиботи сиёсӣ, садди роҳе барои наҷоти ҷони инсонҳо шавад. 

Дар идомаи ин нома бо таъкид бар ин ки муқобила бо коронавирус бузургтарин сатҳи ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ бо якдигарро металабад омадааст: Бо вуҷуди таҳримҳо, талошҳои мудовими давлатҳои миллӣ барои мубориза бо коронавирус, ба вижа дар робита бо таҳияи асарбахшӣ ва ба мавқеи таҷҳизот ва лавозими пизишкӣ аз ҷумла китҳои озмоиш ва доруҳое, ки барои муолиҷаи беморон зарурӣ аст, заиф мешавад.  

Намояндагони Эрон, Русия, Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ, Ироқ, Венесуэла ва Никарагоа дар Созмони Миллал, бардошта шудани комил ва фаврии чунин иқдомоти ғайриқонунӣ, иҷборӣ ва худсарона фишори иқтисодиро аз дабирикулли Созмони Миллал хостор шуданд.  

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 471 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба коронавирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 114 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва камаш 21 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Барчасп

Назарҳо